среда, 20 мая 2020 г.

За неделю в Таджикистане построили больницы для 4000 больных.На открытие...

Табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино дар вазнинтарин ҳолатҳо ба мардум муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки: — «Воҳима худаш ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ҳаст». Чунин андешаҳои ӯ имрӯз низ аз манфиат холӣ набуда, ҳамватанони азизи мо ва табибон метавонанд аз он истифода намоянд. Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем. Ман дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаам ва имрӯз бори дигар такрор мекунам, ки зиндагӣ аз рӯзи таваллуд то дами вопасини умри инсон мубориза аст. Дар ин мубориза шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад. Мардуми тоҷик ҳатто дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ чандин баробар вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд. Ҳамчунин, бо итминон изҳор менамоям, ки табибони мо аз уҳдаи ҳалли душвортарин масъалаҳо мебароянд ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ ва табобати он низ бо камоли масъулият ва эҳсоси гарми инсондӯстӣ ғолиб мебароянд. Дар охир ба ҳамаи шумо — табибон ва ҳамшираҳои шафқат барори кор орзу менамоям. Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост. Мо ҳама якҷо дар ин мубориза ҳатман дастболо мешавем ва солимии мардуми кишварамонро таъмин мекунем.

                                                                                                                Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

суббота, 16 мая 2020 г.

Дар Хатлон табибони нафакахур барои начоти миллат аз вабои аср ба кор ба...

ЯГОН БЕМОРӢ ДУМБОЛИ МО НЕСТ, ТАНҲО БЕАҲМИЯТИЮ ИРОДАИ СУСТАМОН МОРО БА ОН МУБТАЛО МЕСОЗАД. ДАР РАМАЗОН ИММУНИТЕТИ ХУДРО БОҚУВВАТ КУНЕД!

ТАВСИЯҲОИ МУФИД ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ШАРОИТИ ХОНА ҲАНГОМИ РӮЗАДОРӢ:

Помощь доставили до Памира || Памир борьба с COVID - 19 || Ба Боми чахон...

НАША СИЛА - В ЕДИНСТВЕ НАШЕГО НАРОДА!

Всем желаю богатырского здоровья, бодрости духа и долголетия. Да храни вас всех Аллах где бы вы не были.